с днем рождения мужчине на таджикском языке открытка
Открытки с днем рождения мужчине
В этой категории вы можете бесплатно скачать самые красивые и прикольные открытки с днем рождения мужчине. Всем известно что мужчины в душе всегда остаются детьми. Поэтому в своей день рождения любой мужчина будет искренне рад получить веселую анимационную открытку с поздравлением и добрыми пожеланиями.
Прекрасная открытка мужчине с днём рождения
Отличная открытка с днём рождения мужчине
Открытка с днём рождения, мой родной
Супер открытка мужчине на день рождения с текстом
Открытка от меня с днём рождения
Милая открытка мужчине с пожеланиями
Открытка с днём рождения мужчине с розой
Великолепная открытка мужчине на день рождения
Новая открытка с днем рождения мужчине
Милая открытка с днем рождения мужчине
Открытка с днем рождения золотому мужчине
Открытка с днем рождения мужчине с красивым подарком
Открытка с днем рождения мужчине, будь на позитиве
Приятная картинка с днем рождения мужчине с цветами
Открытка с днем рождения мужчине с шоколадом
Открытка с днем рождения мужчине с шахматами
Открытка с днем рождения мужчине, здоровья и уважения
Картинка с днем рождения мужчине с ручкой
Открытка с днем рождения мужчине с духами
Открытка с днем рождения мужчине с тюльпанами
Открытка с днем рождения мужчине с осенью
Открытка на день рождения мужчине с подарком
Креативная открытка мужу с днём рождения
Поздравительная открытка с днем рождения мужчине
Тосты, поздравления и пожелания на свадьбу, юбилей и день рождения, другие праздники на таджикском языке
Ниже представлен сборник свадебных таджикских тостов и поздравлений на таджикском языке. Можете выбрать для себя что-то из них или заказать персональное пожелание у нас, как и выбрать любую услугу для организации таджикской свадьбы и другого праздника.
Таджикские поздравления и тосты на свадьбу
ТАБРИКОТ БА РУЗИ ТУЙ
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам домод ва аруси нозанинро ба муносибати ин рузи таърихии хаёташон табрик намоям. Аз Худои мутаъол мехохам то мухаббати ин ду навчавон човидони бошад. Бигзор хамеша дар бари якдигар хущбахт, гамхору мададгори хам бошанд. Хама пастию баландии зиндагиро дасти ба даст паси сар намуда то абад хамнафаси якдигар бимонанд.
Поздравления на свадьбу жениха и невесты на таджикском языке
Табрикот барои туй арусу домод кисми
*************************
Салом е дил салом е йорони чони Саломи ман ба манзили ишку чавони Саломи мост зи пайки ошиа Хайрумакдам дустон хуш омадид Дустони мехрубом хуш омадир ба базми ошикон ман шахсан аз номи худам ва аз номи дустон табрик мекунам илохо дар лабонатон ханда канда набшад
*********************
Ду дилдоре ки бо хам дилбидоданд.Дари бахтро ба руйи хам кушоданд.Намуданд калби якдигар мунавар.Ба рохи зиндагони п ниходанд!
Ассалому алайкум мехмонон ва мезмонони азиз лутфан аз номи худам ва аз номи хамсинфонам ин ду чавонро табрику тахният гуфта ба ин ду чавон умри дароз ризки фароз хонаи ободу зиндагии осударо таманно дорам,худо еру толе мададгорашон бод!. Банда фалончи фалончиев
Рузи мавлудат муборакбодгӯён ин дуо,
аз худои мехрубони хеш кардам илтиҷо.
тансихат бошиву хандон хотират ҷамъ инчунин,
ишк бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
салом азизи нағзи дилам мавлуди умрат муборак бошад.
бигзор тамоми хушихои зиндаги насибат гардад. Кадомин ҳадяро ба қалби меҳрубонат тақдим созам ки худ ганҷинаи зебоиҳои олам ҳасти. Эй ширинии латифтарин сурудаи табиат, чигуна Худоро барои чунин бахшиши рангин шукр гуем. Таваллудат муборак! Бо ман боши дустат медорам, Танҳо бошихам дустат
Салом эй ахли дил эй ахли
механ,
Салом афроди чун оина
равшан.
Сало ахли башарро созгор аст
Салом харфи хуши
Парвардигор аст.
Салом эй дил салом эй ёри
чони
Салом бар манзили ишки
чавони.
Саломи мо зи пайки ошикона
Дуруд асту нишот асту тарона.
***
Додари азиз базм муборак
бошад,
Бар тахт нишастанат муборак
бошад.
Дар авчи фалак фариштахо
мегарданд
Дар пахлуи ту арус муборак
бошад.
***
Бори дигар салом арз
менамоям ба якояки шумоён
пеш аз хама ба падарону
модарони гамхор хохарону
бародарони мехрубон
мехмонони оликадру
мутрибони хушсадо.
Лутф фармоед шахсан аз номи
худам ва аз номи коллективи
ахли оилаамон ин ду
навчавонро ки яке додари
азизам (ном)ва хамсари
азизашонро ба ин рузи
саидашон аз самими калби
чавони табрику муборакбод
мегуям.
Бигзор кабутари орзухояшон
хамеша лонагузори
баландошёнаи зиндаги бошад.
Ва дар шохрохи пурпечтоби
зиндаги хамеша бахт
мададгори шумо ду навчавон
бошад ва аз забони шоир
чунин гуфтаниям:
Хохам ки хонаи шумо руз ба
руз туй шавад
Якчанд писарони хубу хушруй
шавад.
Фарзандони шумо илохо
арусу домод шавад,
Умри хамагон ба Саъди
пайванд шавад.
***
Агар Худованд барои инсон
тухфаи бехтарин умрро
офарида бошад,ман барои дуи
шумоён хамин умрро бо
дарозиаш ва хамин тахтро бо
бахти бузургаш хохонам
ташаккур
Муборак туйятон келину
домод
Муборак хонаи аз мехр обод
Тамоми умр бо хам шод
бошед
Зи хабси дарду гам озод
бошед
Чароги бахтатон бошад
фурузон
Шавад ишки шумо машхури
даврон
Бо хам бошед чун Фарходу
Ширин
Шуморо бахт хохем бахт
омин.
****************
Хайрамакдам
дустон хуш омадед,
Дустони мехрубон хуш
омадед.
Токи гардам шод аз дидоратон,
Хар дакика хар замон хуш
омадед.
Боз пур аз шодихои хона шуд,
Боз чуфти кафтаре хамлона
шуд.
Боз Ширине ба Ширине расид,
Боз Фарходе бари Чонона шуд.
Чун шамъ нур мепошад арус,
Гирди у домод чун парвона
шуд.
Киссаи Лайлию Мачнун шуд
кухан,
Ишки ин харду зи нав афсона
шуд.
Дустон шодона кафкуби кунед,
Бахти нав мехмони ин кошона
шуд.
Эй дуст бие ки ошикон шод
шаванд.
Дар мактаби зиндагии худ
устод шаванд.
Дар партаи панду хикмати
шумо
.Домоду арус хона обод
шаванд.
Ба замину осмону хок салом,
Ба нури нашаи Хуршеди пок
салом,
Ба харчи гавхари хасти даруни
он бошад,
Ба ишки поки шумо ошикони
пок салом.
Саломи саршор аз мехру
садокат нисоратон бод падару
модарон ва мехмонони
гироми кадр. Ичозат дихед аз
ин фурсати хелохам бароям
муносиб истифода бурда ин ду
навчавони имшабаро ба
муносибати гузоштани
кадамхои нахустинашон дар
чодаи зиндаги муборакбод
гуфта ба онхо тамоми
хушихои зиндагиро таманно
намоям. Бигузор чи орзуву
умеде ки дар калби хеш
мепарваранд чамаи амал
пушад. Хохони он хастем ки
кабутари бахташон дар
осмони баланди зиндаги
доимо дар парвоз бошад,
киштии умрашон доимо дар
бахри бекарони зиндаги
хамеша дар шино бошад,
дарахти орзухои ин ду
навчавон меваи шарин ба бор
орад. Аз худои мехрубон
талаб мекунем ки саодати
зиндаги насибашон гардад, хар
кучое бошанд хамеша гули
сари сабади дустон бошанд ва
хес гох сари хам дили гам ва
чашми намро набинин.
Хамеша дар халкаи мехру
мухабати хамдигар хушихои
зиндаги насибатон бод домоду
арус.
Ва дар охир аз забони ширини
шоир чунин гуфтаниям:
Гул бипошад доимо ишк дар
сари рохи шумо,
Рах наебад хечгох гам ба
даргохи шумо.
Дар талоши гиру дори гарму
сарди зиндаги,
Ханда бошад доимо дар руи
чун мохи шумо.
Хайрамакдам дустон хуш
омадед,
Дустони мехрубон хуш
омадед.
Токи гардам шод аз дидоратон,
Хар дакика хар замон хуш
омадед.
Бароят бахт мезохам на он бахте ки талх бошад
Ман он бахте ки хохонам пур аз шахду шакар бошад
Ду дасти бар дуо дорам ба дар гохи худо нолам
Ки то бошад нигахбонат хамеша илтичо дорам
Мархабо, эй дустони босадокат, мархабо,
Мархабо, эй мардумони авчу иззат, мархабо.
Орзуи дидани руи шуморо доштем,
Мархаммат созед ба чашни мо ба шафкат, мархабо.
Арус эй хохарам зинхор,зинхор,Дили ёри азизатро майёзор Агар як зарра дони кадри шавхар Бидон ту модарашро чои модар Ки хеч модар бадхохи писар нест Зи модар хеч келинро зарар нест Ба вакти кори хона дасти у гир Машав харгиз,машав харгиз мугамбир,Зи некуи дилашро ор бар даст Зи некуи шавад олам забардаст.Агар дилгир шуди бо кори носоз Ба пеши у кавокатро маяндоз Сухан гуяд вале гардад пушаймон Тахаммул кун гапашро хохари чон Агар харфе ба руят сахт гуяд Ва ё харфе чунин гуяд ба шуят Макун харгиз ба ин харфхо дилат реш Ки нози модари дорад биандеш Ту бо аклу тамизу амри такдир Бикун хизмат,бикун хизмат,зи хушдоман дуо гир!
Рузи мавлудат муборакбодгӯён ин дуо,
аз худои мехрубони хеш кардам илтиҷо.
тансихат бошиву хандон хотират ҷамъ инчунин,
ишк бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
салом азизи нағзи дилам мавлуди умрат муборак бошад. бигзор тамоми хушихои зиндаги насибат гардад. Кадомин ҳадяро ба қалби меҳрубонат тақдим созам ки худ ганҷинаи зебоиҳои олам ҳасти. Эй ширинии латифтарин сурудаи табиат, чигуна Худоро барои чунин бахшиши рангин шукр гуем. Таваллудат муборак! Бо ман боши дустат медорам, Танҳо бошихам дустат медорам. Имруз рӯзи милоди туст, Ҳар ҷо боши дустат медорам. Субҳгоҳон ки ғунчаи нав падидор шуд.Чашми фалак аз завки ашки шавқ рехт ва туро дар оғуш гирифт ва бозам мегӯям таваллуди ишқ муборак бошад. Эй зеботарин таронаи ҳастӣ. Бидон ки шаби милодат бароям армуғони хубиҳо ва зебоиҳост. Пас эй сарчашмаи хубиҳо, эй олиҳатарин армуғони зиндаги бо тамоми вуҷуд мегӯям хушбахт бош. бигзор тамоми хушбахтиҳои зиндаги тамоми некномиҳои дунё насибат гашта бошад. Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоно доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.
Таджикские поздравления и тосты на юбилей и день рождения
Подарите имениннику самые теплые и нежные пожелания, написанные на таджикском языке. Среди многообразия красивых поздравлений подберите то, которое будет идеально соответствовать виновнику торжества. Прибавьте остроты празднику, повеселите всех окружающих своим прикольным пожеланием, которое вы будете вспоминать весь последующий год. Выбирайте самые лучшие, наиболее яркие поздравления с Днем Рождения, дарите море позитива всем своим друзьям, знакомым и родным. Подарив пожелание на таджикском языке, вы можете быть уверены, что вам непременно ответят тем же в ваш праздничный день.
Зодруз муборак, табрикнома барои зодруз, Шеър ва сухан
Табрикот барои зодрузи нафари азиз ки пур аз суханхои самимона аз самими калб барои шумо дар ин сахифа чамъ оварда шудаанд. Щеърхои бехтарин аз шоирон аз чумла рубоихо, дар васфи модар, Дуст-чура, падар, рафик, дустдошта, бобо, биби, бародар, хохару апа, устод-муаллим, рохбар ва дигар нафарон хам мавчуданд.
Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» — солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!
Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»
Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!
Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»
«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.
Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.
«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.
Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»
«Ном?»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед
Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст.
Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон.
Таваллудат муборак модар!
Муборак зодрузат модари ҷон
Набинад гам вуҷудат модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гуям дурудат модари ҷон.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд (ҳоятон), «Ном ё якчанд номҳо?»
Имрӯз беҳтарин рӯз аст … чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид то модари ман боши ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре ки ҳарчи бихоҳам уро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!
Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»
Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат,ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар душ кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят муҳри сукут хурдааст.Дастонатро бар руям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд у бигуяд ки чиқадар бароям заҳмат кашидаи. Падар то ҳол ҳар чи доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирузу имруз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рузат ииромӣ бод падарҷон.
Бо эҳтироми самимӣ фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»
Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.
Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»
Позравления на таджикском языке на разные праздники
Поздравление с праздником Навруз
Табрикот иди Навруз муборак Шеърхо бахор
Шеърхои наврузи
шеърхо барои навруз
наврузи точики шеърхо
шеър дар васфи навруз
иди Наврузи милли ва ачдодиро ба хар яки Шумо муборакбод мегуяд.
Илохо дар хонадони хар яки Шумо баракот, тансихативу хушбахти хукмфармо бошад! Ба ахли оилаатон ва наздиконатон тансихатию хушбахти хохонем. Таманно дорем, ки чехраи Шумо чун гулхои наврузи хандону шукуфон бошад. Калбатон чун офтоби оламорои Навруз гарму равшан, рухатон чун субгохи Навруз пок, таъбатон чун насими наврузи хурсанди бахш, мехратон чун мехри модарон бепоён ва саршумор аз мехру мухаббат, дастархонатон чун дастархони наврузи пурнеъмату пуранво бошад.
****************************
Бо арзи эхтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди пирузи бахориву меъросии ниёгон – Наврузи оламафруз табрику тахният гуфта,ба Шумо умри бардавом,хушбахтии беинтихо,саломатии кави,хонаободи ва дар эчодиётатон бурбдорихо таманно дорем.